Сентябр 09, 2021 10:44 Asia/Dushanbe
  • Қарзи 24.2 миллиарддолларии Узбекистон

Қарзи давлати Узбекистон ба 24.2 миллиарддоллар расид.

Ба гузориши АКИпресс, қарзи давлати Узбекистон бар асоси омори аввали июли соли 2021 ба 24. 2 миллиарддоллар расида, ки 38.5  дарсади тавлиди нохолиси миллии ин кишвар аст.

Вазорати дороии Узбекистон дар гузорише эълом кард, қарзи хориҷии давлат нисбат ба 3 моҳаи қабл ҳудуди 800 миллиондоллар афзоиш ёфта ва ҳудуди 21. 8 дарсад аз тавлиди нохолиси миллӣ аст.

Дар ин миён қарзи ҷазб шудаи давлатӣ низ 15 миллиарду 400 миллиондоллар ва таҳти замонат ба маблағи 6 миллиарду 400 миллиондоллар буд.

Вазорати дороӣ эълом кард, ки қарзи дохилии давлат 200 миллиондоллар афзоиш ёфта ва ба 2 миллиарду 400 миллиондоллар (3.8 дарсад тавлиди нохолиси миллӣ) расид.

 

Барчасп