Қазоқистон мегӯяд, омода аст бо ҳукумати Толибон тамос барқарор кунад
(last modified Thu, 09 Sep 2021 16:42:09 GMT )
Сентябр 09, 2021 21:42 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон мегӯяд, омода аст бо ҳукумати Толибон тамос барқарор кунад

Қазоқистон омодагии худро барои барқарор кардани робита бо ҳукумати Толибон эълон кард.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон бо истинод ба хабаргузории русии "Новости", президенти Қазоқистон омодагии мақомоти кишварашро барои тамос бо мақомоти нави афғон барои ҳалли мушкилоти башардӯстона эълон кард.

 Бо ишора ба бозгашти Толибон ба қудрат Қосим Ҷомарт Тогаев таъкид кард, ки мақомоти кишвараш омодаанд бо мақомоти нави Афғонистон бо мақсади ҳалли мушкилоти башардӯстонаи ин кишвар тамос гиранд.

 "Қазоқистон бар ин бовар аст, ки Афғонистон бояд як кишвари устувор бо соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ бошад, ки бо ҳамсоягонаш сулҳ дорад", - гуфт Туқаев.

"Мо омодаем бо мақомоти нав бо тамосҳои амалии дорои хусусияти созанда бо мақсади ҳалли мушкилоти башардӯстонаи ин кишвар рӯбарӯ шавем" гуфт ӯ.

Раисҷумҳури Қазоқистон таъкид кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд Афғонистонро дар муқобили мушкилот дар ин лаҳзаҳои ҳалкунанда танҳо гузорад ва афзуд: "Мо бояд идеяи рушди иқтисодӣ ва устуворро бо ҳама амалҳо ва барномаҳои марбут ба Афғонистон ҳамгиро кунем." Мо умедворем, ки Толибон воқеан мӯътадилтар хоҳанд шуд.