Сентябр 19, 2021 14:52 Asia/Dushanbe
  • Аҳмади Масъуд-раҳбари Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон куҷост ?

Дафтари матбӯотии Ҷабҳаи муқовимат эълом кард,ки раҳбари муқовимати Афғонистон дар ҷойи амн аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, дафтари матбӯотии Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон эълом кард, ки Аҳмади Масъуд-фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд-Қаҳрамони миллии Афғонистон дар ҷои амн ба сар мебарад .
Дар навиштаи твиттерии ин ҷабҳа омадааст : " Омир-соҳиб Аҳмади Масъуд-раҳбари муқовимати Афғонистон дар ҷои амн ба сар мебаранд ва неруҳои қаҳрамон дар нуқоти душворгузар ба муқовимат алайҳи таҷовузи Толибони муздур, ки афроди бегуноҳро мавриди шиканҷа қарор медиҳанд, идома медиҳанд " .
Ин ҷабҳа таъкид дорад, ки куштори афроди бегуноҳ тавассути гуруҳи Толибон нақзи ошкори ҳуқуқи башар аст .
Қобили зикр аст, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ҳоле аз истодагӣ дар баробари Толибон сухан мегуяд, ки талошҳо барои эҷоди як ҳукумати ҳамашумул идома дорад.

 

Барчасп