Ноябр 06, 2016 19:12 Asia/Dushanbe
  • Ташкили эътилофи ҷадиди парлумонӣ дар Қирғизистон

Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон мутааллиқ ба раисҷумҳури ин кишвар муваффақ ба ташкили эътилофи парлумонӣ шуд.

Ин ҳизб пас аз ҷалби назари он идда аз қонунгузороне, ки пештар ба ислоҳи Қонуни асосии Қирғизистон раъй дода буданд, муваффақ ба ташкил эътилоф шуд ва таи рӯзҳои отӣ давлати ҷадиди Қирғизистон низ бар асоси ин эътилоф ба парлумон муаррифӣ хоҳад шуд .

Раъйгирӣ барои эҷоди ислоҳот дар Қонуни асосии Қирғизистон пас аз он аз сӯи аҳзоби мухолиф ва мунтақиди давлат маҳкум шуд, ки ба заъми раҳбарони ин аҳзоб ҳадаф аз ислоҳот ва тағйири Қонуни асосӣ, тамдиди муддати раёсатҷумҳурии Алмазбек Атамбаев дар пушиши костан аз ихтиёроти вай ва албатта афзоиши ихтиёроти шахси нахуствазир аст .

Воқеият он аст, ки Атамбаеви 60 сола, ки соли оянда даврони раёсатҷумҳуриаш ба поён мерасад, ба муҷиби Қонуни асосӣ наметавонад барои даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон номзад шавад ва лизо гуфта мешавад, ислоҳоти пешниҳодӣ барои Қонуни асосӣ ин имконро барои вай фароҳам меоварад, ки битавонад дар мақоми як нахуствазири қудратманд дар раъси қудрат ва тасмимгирӣ боқӣ бимонад .

Қарор аст, рӯзи 11-и декабри 2016 ислоҳоти пешниҳодии Қонуни асосӣ ба референдум гузошта шавад .

Токунун низ се ҳизби "Қирғизистон", "Бирбул" ва "Сотсиал-демократ", ки ба ислоҳот раъй додаанд, муваффақ ба ташкили эътилофи парлумонӣ шудаанд.

Эътилофи гузаштаи парлумонии Қирғизистон 2-и ноябри 2015 бо мушорикати аҳзоби "Сотсиал-демократ", "Қирқизистон", "Анугупрагрс" ва "Атамкан" ташкил шуда буд. Аммо ин эътилоф бадалели ончи ихтилофи назар бар сари бархе аз масоили сиёсӣ ва адами тавофуқи байни аъзо барои анҷоми ислоҳоти Қонуни асосӣ номида шуд, шикаст хурд.

Ҷомеаи Қирғизистон пеш аз ин низ шикасти эътилофи парлумонӣ ва дар натиҷа шикасти давлати эътилофиро таҷруба кардааст, аз ин рӯ ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки таҳаввулоти ахир бавижа аз он ҷиҳат, ки ба мавзуи талоши Атамбаев барои боқӣ мондан дар қудрат боз мегардад, ба эҷоди шикоф байни нерӯҳои сиёсии кишвар мунҷар шавад .

Лизо маҳофили сиёсии қирғиз муътақиданд, шикастани иттиҳодҳо ва эътилофҳо дар парлумон ва давлати Қирғизистон баромади вуҷуди ихтилофоти сиёсӣ ва набуди зарфияти таҳаммулпазирӣ назди аҳзоби роҳёфта ба ниҳоди қонунгзорӣ аст .

Ин дар ҳолест, ки ҷомеаи Қирғизистон умедвор буд, бо тағйири низоми ҳукуматӣ аз низоми раёсатӣ ба парлумонӣ ва хориҷ шудани қудрат ва ихтиёр аз контроли шахси раисҷумҳур, ҷомеаи ин кишвар битавонад сареътар аз гузашта дар ҷиҳати тавсеаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ гом бардорад .

Аммо зоҳиран нотавонии аҳзоби матраҳи қирғиз дар касби ҳадди аксари курсиҳои парлумонӣ барои ташкили давлат ва низ набуди зарфияти таҳаммулпазирӣ назди аҳзоб ва албатта рӯйкарди нафъталабонаи онон дар тасмимгириҳо ва таъсиргузорӣ бар рӯйкардҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, сабаби шикасти пай дар паи эътилофҳои парлумонӣ ва давлатӣ дар Қирғизистон шудааст.

Вазъияте, ки бадалели қудрат ва нуфузи иҷроии шахси раисҷумҳури Қирғизистон, гамонаи талоши вай барои тасфияи нухбагони сиёсии мухолифро тақвият кардааст.

Аз ин рӯ чандон ҳам тааҷҷуббарангез нахоҳад буд, агар дар фардои таҳаввулоти сиёсии Қирғизистон на фақат ҳизби ҳокими сотсиал-демократ, ки дигар аҳзоби қирғиз низ натавонанд дар чаҳорчуби иттиҳод ва эътилоф барои ташкили давлат гом бардоранд .

Вазъияте, ки аз он баунвони бунбасти сиёсӣ ном бурда мешавад ва ин метавонад ба қиммати бар бод рафтани ҳамаи руъёҳои ҷомеаи Қирғизистон дар тағйири муваффақиятомези низоми ҳукуматӣ ва паймудани роҳҳои тавсеаи ҳамаҷониба ва табдил шудани системаи ҳукуматии Қирғизистон баунвонии улгуи ҳукуматӣ барои дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тамом шавад .

Бавижа, ки дар шароити кунунии ҳизби ҳоким бо ташкили эътилофи парлумонӣ ва  эҳтимолан давлати эътилофӣ дар масири ислоҳи Қонуни асосӣ, афзоиши ихтиёроти нахуствазир ва супурдани суккони давлати оянда ба Атамбае ҳаракат мекунад.  Маҷмуаи шароите, ки бо интиқодҳои қобили таваҷҷуҳи мухолифони давлати Бишкек ҳамроҳ будааст .