Трамп ва бозгашти Амрико ба муоҳидоти қуруни вустоӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i122158-Трамп_ва_бозгашти_Амрико_ба_муоҳидоти_қуруни_вустоӣ
Порс-Тудей. Дар давраи дувуми раёсати ҷумҳурии Трамп сиёсати хориҷии Амрико шоҳиди таҳаввуле бунёдӣ шуд. Ҷое ки муоҳидоти байналмилалӣ, ки маъмулан бояд бо тасвиби Конгресс машруият меёфтанд, ба тавофуқоти шахсӣ табдил шуданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 29, 2025 12:27 Asia/Dushanbe
  • Чарлзи саввум, подшоҳи Британия ва Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико савор бар коляскаи салтанатӣ
    Чарлзи саввум, подшоҳи Британия ва Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико савор бар коляскаи салтанатӣ

Порс-Тудей. Дар давраи дувуми раёсати ҷумҳурии Трамп сиёсати хориҷии Амрико шоҳиди таҳаввуле бунёдӣ шуд. Ҷое ки муоҳидоти байналмилалӣ, ки маъмулан бояд бо тасвиби Конгресс машруият меёфтанд, ба тавофуқоти шахсӣ табдил шуданд.

Маҷаллаи амрикоии “Foreign Policy” ба тозагӣ дар матлабе навишт: Дар давраи дувуми раёсати ҷумҳурии Трамп раванди суннатӣ ва қонунмеҳвар дар сиёсати хориҷии Амрико канор гузошта шуд. Муоҳидоти байналмилалӣ, ки тибқи қонуни асосӣ бояд бо тасвиби Конгресс машруият меёфтанд, ба тавофуқоти шахсии раисиҷумҳур бо раҳбарони хориҷӣ бадал шуданд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ин тавофуқҳо дар зоҳир дастоварди дипломатӣ муаррифӣ мешаванд, аммо дар амал бештар ба муомилоти фардӣ шабоҳат доранду пояи ҳуқуқӣ ва наҳодии муҳкаме надоранд. Чунин тағйире ёдовари улгӯи қуруни вустоӣ (асри миёнагӣ) аст, ки муоҳидот ба иродаву ҳаёти подшоҳ гиреҳ мехӯрд.

Суннати сиёсии Амрико таъкид дорад, ки муоҳидоти муҳим бо раъйи ду сеюми Сенат ё аксарияти Конгресс тасвиб шаванд то ҳеҷ раиси ҷумҳурӣ ба танҳоӣ сарнавишти кишварро тағйир надиҳад. Имрӯз аммо даҳҳо тавофуқ бидуни дахолати Конгресс эълом мешаванд ва раисҷумҳур ба бозигари ягонаи сиёсати хориҷӣ бадал шудааст. Вазъияте ки бунёнгузорони Амрико барои ҷилавгирӣ аз он низоми контролу тавозунро тарроҳӣ карда буданд.

Мушкил инҷост, ки чунин тавофуқоте мумкин аст бори молӣ ё тааҳҳуди низомӣ эҷод кунад, дар ҳоле ки ихтиёри буҷету бахши умдаи қудрати ҷангӣ дар дасти Конгресси Амрико аст. Тавофуқот бидуни раъйи намояндагони мардум машруияти дохилӣ надоранд ва дар ҳуқуқи байналмилал низ эътиборашон маҳалли тардид аст. Бинобарин бисёре аз ин тааҳҳудот амалан бар пояе суст устуворанд.

Баъд дигар моҷаро, пинҳонкории густарда аст. Бисёре аз тавофуқҳо ошкор намешаванд ва ҳатто намояндагони Конгресс ҳам аз ҷузъиёти онҳо беиттилоянд. Ин вазъ шабоҳати зиёде ба муоҳидоти маҳрамона дорад, ки дар қарни бистум борҳои муҷиби буҳронҳои байналмилалӣ шуд. Дар бархе маворид, тарафҳои тавофуқ низ иддаоҳои Вашингтонро рад кардаанд ва ҳамин мавзуъ беэътимодии дохилӣ ва хориҷиро афзоиш додааст.

Намунаҳои мушаххас нишон медиҳад, ки ин мушкил воқеӣ аст. Тавофуқи марбут ба манобеи маъданӣ дар Украина ва қарордодҳои бозгардондани муҳоҷирон ба Салвадору Гана намунаҳое буданд, ки матнашон то муддатҳо пинҳон монд. Дар парвандаҳои қазоии муртабит, ҳатто Девони олӣ ҳам бо камбуди санад рӯ ба рӯ шуд ва дар ниҳоят маҷбур шуд аҳкоми муваққат содир кунад то давлат битавонад иқдом кунад. Ин раванд нишон дод, набуди шафофияти ҳуқуқӣ метавонад ба ошуфтагии ҷиддӣ мунҷар шавад.

Идомаи ин масир хатарнок аст, зеро тавофуқоти фардии раисиҷумҳур ҷойгузини муоҳидоти расмӣ мешаванд. Ин яъне бо ҳар тағйир дар Кохи Сафед, тааҳҳудоти хориҷии Амрико низ зеру рӯ хоҳад шуд. Чунин вазъияте барои муттаҳидон нишонаи бесуботӣ аст ва барои руқабои Амрико фурсате барои истифода.

Таҷрибаи таърихӣ нишон додааст, муоҳидот замоне пойдоранд, ки пуштвонаи ниҳодҳои қонунгузорро дошта бошанд. Дар ғайри ин сурат бештар ба тафоҳумномаҳои муваққатӣ шабоҳат доранд, ки бо тағйири иродаи як фард фурӯ мерезанд. Бунёнгузорони Амрико ҳушдор дода буданд, ки тамаркузи ихтиёри муоҳидот дар дасти як фард, кишварро ба самти салтанати интихобӣ хоҳад бурд.