Чаро Эрон механизми мошаро фоқиди машруъияти ҳуқуқӣ медонад?
Порс Тудей - Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар номае ба дабири кулли Созмони милал таъкид кард: Иқдоми Амрико ва тройкаи аврупоӣ барои бозгардондани қатъномаҳои пешини Шӯрои амният алайҳи Эрон, мабнои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ надорад ва аз назари Теҳрон мардӯд аст.
Ироқчӣ дар номае ба Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милал тасреҳ кард: Иқдоми Амрико, Фаронса, Англия ва Олмон барои бозгардондани қатъномаҳои пешини Шӯрои амният фоқиди пуштвонаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ аст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон онро муғойир бо усӯлу мавозини байналмилалӣ медонад.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар идомаи номаи худ овардааст: Эълони се кишвари аврупоӣ барои оғози фароянди созукори мавсӯм ба пасгашт, аз лиҳози ҳуқуқӣ ва равияӣ маъюб ва лизо кон лам якун аст. Ин иқдом аз сӯи се кишвари мазбӯр дар ҳоле анҷом шуда, ки худи онон аз ифои тааҳҳудоташон сар боз зада, аз пойбандӣ ба созукори ҳалу фасли ихтилофот дар БАРҶОМ имтиноъ варзида , ба таври мустамар қатъномаи 2231 (2015)-ро бо мутолибаи тартиботе фаротар аз доманаи он тазъиф намуда ва ҳатто аз ҳамалоти низомӣ алайҳи таъсисоти сулҳомези таҳти подмони ожонс дар Эрон ҳимоят кардаанд. Ироқчӣ таъкид кард: Истиноди онон ба созукори мавсӯм ба пасгашт, суиистифодаи ошкор аз як раванд аст.
Вай дар ин нома тасреҳ кард: Банди амалиётии 11 қатъномаи 2231 тасреҳ мекунад, ки Шӯрои амният бояд «дидгоҳҳои кишварҳои зирабтро маддиназар қарор диҳад». Мояи таассуф аст, ки бовуҷуди мавозеъи равшани соири аъзои БАРҶОМ, мушаххасан Эрон, Чин ва Русия, раиси шӯро пешнависи қатъномаро ба раъй гузошт.
Дар ин нома таъкид шудааст: Ҳамонтавр, ки дар номаи муштараки вузарои умӯри хориҷаи Чин, Эрону Русия муаррихи 28 августи 2025 таъкид шуд, Шӯрои амният наметавонад бар мабнои иблоғияи маъюби се кишвари аврупоӣ иқдом намояд. Ҳар гуна иқдоме, ки бар хилоф ё дар таъоруз бо қатъномаи 2231 бошад, наметавонад тааҳҳудоти ҳуқуқӣ барои кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид эҷод намояд.
Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳури Исломии Эрон, низ пештар дар дидори дабири кулли Созмони милал гуфт: Бо вуҷӯди анҷоми тааҳҳудот аз сӯи Эрону мухолифати Русия ва Чин, иҷрои иснапбак ва бозгашти таҳримҳо амале ғайриахлоқӣ ва ғайриқонӯнӣ аст.
Механизми моша бахше аз қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони милал аст, ки пас аз имзои тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ дар соли 2015 тасвиб шуд. Ин созукор ба кишварҳои узви БАРҶОМ (Амрико, Русия, Чин, Фаронса, Англия ва Олмон) иҷоза медиҳад, дар сӯрати нақзи тааҳҳудоти БАРҶОМ-ии Эрон, раванди бозгардондани таҳримҳои пешини Шӯрои амниятро оғоз кунанд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон созукори «механизми моша»-ро аз манзари ҳуқуқӣ ва сиёсӣ фоқиди эътибор медонад. Эрон муътақид аст, ки Амрико пас аз хурӯҷи расмӣ аз тавофуқ дар соли 2018, дигари узви БАРҶОМ нест ва бинобар ин ҳаққи истифода аз механизмҳои даруни тавофуқ, аз ҷумла иснапбакро надорад.
Эрон истидлол мекунад, ки кишварҳои аврупоӣ низ ба тааҳҳудоти худ дар БАРҶОМ амал накардаанд, бинобар ин, наметавонанд Эронро ба нақзи тавофуқ муттаҳам карда ва механизми мошаро фаъол кунанд. Эрон ва бархе кишварҳо монанди Русия ва Чин муътақиданд, ки фаъолсозии иснапбак ниёзманди иҷмоъ ё раванди ҳуқуқии мушаххасе аст, ки дар мавориди ахир риоят нашудааст.
Иҷрои механизми моша аз дидгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон нақзи ҳуқуқии қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид, бавижа қатъномаи 2231 Шӯрои амният, талаққӣ мешавад. Аз назари ҳуқуқи байналмилал, кишваре, ки аз як тавофуқи хориҷ шуда, дигар наметавонад аз созукорҳои он истифода кунад. Бинобар ин, талоши Амрико барои фаъолсозии механизми моша дар солҳои баъд, фоқиди ваҷоҳати ҳуқуқӣ аст ва бо мафоди қатъномаи 2231 муғойират дорад.
Қатъномаи 2231 созукори бозгашти таҳримҳоро танҳо барои аъзои мушорикаткунанда дар БАРҶОМ дар назар гирифтааст. Эрон, Русия ва Чин муътақиданд, ки истифодаи як ҷониба аз ин механизм бидуни иҷмоъ ё раванди қонӯнии мушаххас, суиистифода аз матни қатънома ва нақзи ҳуқуқии он аст. Фаъолсозии механизми моша бидуни тайи мароҳили қонӯнӣ ва бидуни исботи нақзи ҷиддии тавофуқ, бо асли адами истифодаи абзорӣ аз Шӯрои амният дар тазод аст. Ин иқдом метавонад эътибори ниҳодҳои байналмилалиро зери савол бибарад ва мӯҷиби тазъифи чандҷонибагароӣ шавад.
Чин ва Русия, ки узви доими Шӯрои амният ҳастанд, бо фаъолсозии механизми моша мухолифат кардаанд ва онро ғайриқонӯнӣ донистаанд. Эрон иҷрои механизми мошаро на танҳо фоқиди мабнои ҳуқуқӣ, балки ноқизи қатъномаҳои Созмони милал медонад, ки метавонад табаъоти сиёсӣ ва ҳуқуқии густардае барои низоми байналмилал дошта бошад.