Азсаргирии иртибототи заминӣ ва рейлии Узбакистон бо Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i74218-Азсаргирии_иртибототи_заминӣ_ва_рейлии_Узбакистон_бо_Афғонистон
Намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Узбакистон аз барқарории иртибототи заминӣ ва рейлии Тошканд бо Афғонистон хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 21, 2021 10:22 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии иртибототи заминӣ ва рейлии Узбакистон бо Афғонистон

Намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Узбакистон аз барқарории иртибототи заминӣ ва рейлии Тошканд бо Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории «Форс», Исматуллоҳ Эргашев, намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Узбакистон дар умури Афғонистон гуфт: Марзи ду кишвар, ки дар пайи густариши пандемияи корона баста шуда буд, бозкушоӣ мешавад ва аз тариқи он маводи ғизоӣ ва дору, ки афғонистониҳо акнун дар даврони пандемия ниёзманди он ҳастанд, ирсол мекунем.

Намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Узбакистон дар умури Афғонистон афзуд: Акнун вазоратхонаҳову созмонҳои дигар ба сурати муваққат барқарор шудаанд ва сирфан барои ҷилавгирӣ аз ҳарҷу марҷ ва суқути давлат ва ҳамчунин идомаи раванди зиндагии мардум эҷод шудааст.

Эргашев изҳор дошт: Толибон тааҳҳуд додаанд, ки дар оянда як давлати фарогир эҷод кунанд.

 

Бештар бихонед: