Сентябр 22, 2021 14:07 Asia/Dushanbe
  • Дархости Толибон барои ҳузур дар Маҷмаи умумии Созмони Милал

Суҳайл Шоҳин ба унвони намояндаи доими Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ шуд.

Толибон дар номае хостори суханронӣ дар нишасти солонаи Маҷмаи умумии ин созмон шудааст.

Ин гурӯҳи Суҳайл Шоҳинро ба унвони намояндаи доими Афғонистон дар ин созмон муаррифӣ кард.

Стефан Дюжаррик, сухангӯи дабири кулли Созмони Милал гуфт: Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид номаи Толибонро дарёфт карда, ки дар он хостори мушорикат дар музокироти сутуҳи боло дар ин ниҳод шудааст.

Вай афзуд: Таърихи ин нома душанбеи 20 сентябр, як рӯз пеш аз оғози нишасти солонаи Маҷмаи умумии СММ аст.

“Рейтерс” ҳам эълом кард, як нусха аз ин номаро мушоҳида кардааст, ки дар он Толибон Суҳайл Шоҳин, сухангӯи худ дар Доҳаро ба унвони сафири ҷадиди Афғонистон дар СММ муаррифӣ кардааст.

Тибқи ин гузориш, Амирхони Муттақӣ, сарпарасти вазири умури хориҷаи ҳукумати Толибон ин номаро навишта ва ӯ хостори суханронӣ дар Маҷмаи умумии СММ шудааст.

Фарҳон Ҳақ, сухангӯи СММ ҳам таъйид кардааст, ки Толибон мегӯянд, Муҳаммадғуломи Исҳоқзай, сафири давлати Ашрафғанӣ маъмурияташ поён ёфтааст.

Сухангӯи Созмони Милал тасреҳ кард, ки дархости Толибон барои дар ихтиёр гирифтани курсии Афғонистон ва суханронӣ дар Маҷмаи умумӣ ба кумитаи эътиборнома ирсол шудааст.

Ин кумита 9 узв дорад, ки Иёлоти Муттаҳида, Чин ва Русия аз ҷумлаи аъзои ин кумита ҳастанд.

“Рейтерс” мегӯяд, баид аст, ки ин кумита пеш аз душанбеи оянда, охирин рӯзи нишасти солонаи Маҷмаи умумии Созмони Милал ташкил шавад ва бинобар ин эҳтимоли каме вуҷуд дорад, ки вазири хориҷаи Толибон дар ин ниҳоди ҷаҳонӣ суханронӣ кунад.