Тавофуқи намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон барои аломатгузории 70 километр аз марзи муштарак
Намояндаи вижаи Қирғизистон дар музокироти марзӣ аз тавофуқ бо Тоҷикистон барои аломатгузории 70 километр аз навоҳии марзии муштарак хабар дод.
Ба гузориши сомонаи қирғизии “24. Kg”, Назирбек Борубоев гуфт: Ду тараф барои аломатгузории марзи муштарак дар манотиқе, ки ихтилофи назари камтаре вуҷуд дорад, музокира мекунанд ва акнун тавофуқ шуда, ки 70 километр аз хати марзии миёни минтақаи Ботканд ва Лайлаки Қирғизистон ва Исфараи Тоҷикистон аломатгузорӣ шавад.
Вай муҳимтарин мушкил дар пешрафти музокироти дуҷонибаро воқеъ шудани бархе рустоҳои қирғизнишин дар дохили қаламрави Тоҷикистон ва рустоҳои тоҷикнишин дар вилояти Ботканди Қирғизистон унвон кард.
Ӯ танҳо роҳи ҳалли ин мушкилро муовизаи замин ва хонаҳо бо ризоияти соҳибони онҳо пас аз қиматгузорӣ донист.