Тавофуқи 20 миллиондолларии Туркманистон ва СММ
Созмони Милали Муттаҳид мувофиқатномаеро бо Вазорати тандурустии Туркманистон имзо кард.
Ба гузориши “Форс”, ин тавофуқнома бо ҳадафи тақвияти зерсохтҳои беҳдоштии Туркманистон барои муқобила бо бемории корона имзо шудааст.
Ҳамчунин дар ин тарҳ таҷҳизоти озмоишгоҳҳои Туркманистон бозсозӣ хоҳад шуд ва ба кадри дармони ин кишвар ҳам барои муқобила бо бемории корона омӯзиш дода мешавад.
Ҳамчунин дар қолаби ин тавофуқнома дору ва таҷҳизоти пизишкӣ низ ба Туркманистон ирсол хоҳад шуд.
Намояндаи Созмони Милали Муттаҳиди муқим дар Ишқобод гуфт: Омода аст то ба ҳамроҳи дигар шуракои худ талошҳоро барои коҳиши таъсири ҳамагирии ҷаҳонӣ, бо истифода аз беҳтарин манобеъ, дониш ва таҷриба, бар асоси асли асосии ҳамкории кишвар то соли 2030 барои тавсеаи пойдор идома диҳад.