Сентябр 24, 2021 20:17 Asia/Dushanbe
  • Сарпарасти вазорати дифои Толибон: Ҳеҷ узви Толибон ҳаққи куштани фардеро надорад

Сарпарасти вазорати дифои давлати Толибон ба нерӯҳои ин гурӯҳ дастур дод, ба хотири эъломи афви умумӣ ҳеҷ узви Толибон ҳақ надорад шаҳрвандеро бикушад.

Мулло Муҳаммадяъқуби Муҷоҳид ба неруҳои зермаҷмӯаи худ дар мавриди нақзи фармони афви умумӣ ҳушдор дод.

Вай дар паёми савтӣ гуфт: “Шунидаам дар нуқоте афроди Толибон касонеро ба хотири душманӣ куштаанд”.

Муҳаммадяъқуб хитоб ба неруҳои Толибон гуфт: Ҳар гуна таҳдиду қатли афрод мухолифи аҳдофи Толибон аст.

Ӯ афзуд: Дар сурате, ки касе бо фарди дигар мунозиаи шахсӣ дошта бошад, мунозиаи худро бояд аз тариқи маҳокими Аморати исломӣ ҳаллу фасл кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки тасовире, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, нишон медиҳад, ки неруҳои Толибон дар Панҷшер ва бархе нуқоти дигар монанди ноҳияи Андароб афроди дастгиршударо муҳокимаи саҳроӣ мекунанд.

 

Бештар бихонед: