Дидори раисони маҷлисҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Нурсултон
(last modified Fri, 24 Sep 2021 16:04:29 GMT )
Сентябр 24, 2021 21:04 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисони маҷлисҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Нурсултон

Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар сафар ба Қазоқистон бо раиси сенати ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши “АКИ Пресс”, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар сафари расмии худ ба Қазоқистон, бо Мавлон Ашимбоев, раиси сенати ин кишвар мулоқот кард.

Дар ин дидор масоили марбут ба тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Қазоқистон баҳсу баррасӣ шуд.

Рустами Эмомалӣ дар суханоне ба талошҳои тӯлонимуддат ва нақши раёсати олии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои густариш ва тақвияти равобити дуҷониба ишора кард.

Ӯ хотирнишон кард, соли 2020 бо вуҷуди ҳамагирии корона мизони тиҷорат байни ду кишвар ба ҳудуди як миллиард доллар расид ва дар соли ҷорӣ нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта ин мизон 100 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Дар ин мулоқот ҳамчунин вазъияти Афғонистон ҳам баррасӣ шуд.

Дар поёни ин мулоқот ду тараф тавофуқномаи ҳамкорӣ байни Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва сенати Қазоқистонро имзо карданд.

Ҳамчунин раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори шаҳри Душанбе дар ин сафар бо Алтай Кулгинов, шаҳрдори Нурсултон ҳам мулоқот кард.

Дар поёни музокирот ду тараф тафоҳумномае дар мавриди эҷоди равобити бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Нурсултон имзо карданд.