Сентябр 26, 2021 21:04 Asia/Dushanbe
  • Дар Душанбе форуми соҳибкорони Тоҷикистону Узбакистон баргузор мешавад

Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Узбакистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои Радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин чорабинӣ дар доираи миссияи тиҷоратии "Made in Uzbekistan" бо талошҳои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Агентии пешбурди содироти Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон ташкил карда шуд. .

 Дар конфронс 40 ширкати саноати нассоҷӣ, чарму пойафзол, хӯрокворӣ, заргарӣ, дорусозӣ, сохтмон ва мебел аз Тоҷикистону Узбакистон ширкат доштанд.

Бино ба омори расмии Тоҷикистон, ҳаҷми тиҷорати мутақобила байни ин кишвар ва Узбакистон дар 8 моҳи аввали соли ҷорӣ 277 миллион доллар арзёбӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27% бештар аст.

Дар ин чорабинӣ тоҷирони Тоҷикистону Узбакистон мулоқот карданд.

Имрӯз ҳамчунин дар Қасри Барбади шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯби конфронси "Making Uzbekistan" намоишгоҳи маҳсулоти Узбакистон баргузор шуд.

Дар намоишгоҳ саноати кишоварзӣ ва хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, нассоҷӣ ва либос, лавозимоти чармӣ ва пойафзол, маҳсулоти абрешимӣ, электроника ва техникаи маишӣ, мебел, асбобҳои санитарӣ ва заргарӣ намоиш дода мешаванд.

Барчасп