Октябр 01, 2021 18:18 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 3. 5 баробарии тиҷорати мутақобили Қазоқистон ва Русия

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон мизони сармоягузории мустақими Русия дар иқтисоди кишвар тайи 15 соли гузаштаро ҳудуди 16 миллиард доллар эълом кард.

Ба гузориши “Форс”, Қосим Ҷоомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳафдаҳумин ҳамоиши байниминтақаии ҳамкории ин кишвар ва Русия, ки ба сурати маҷозӣ баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ кард.

Ба гуфтаи вай, дар Қазоқистон 7 ҳазору 500 ширкати русӣ ва ҳудуди 3 ҳазору 500 ширкати муштараки қазоқӣ – русӣ фаъолият мекунанд.

Вай афзуд, дар ин ҳамоиш тайи солҳои ҳамкории муштарак ҳудуди 200 тавофуқномаву қарордод имзо шуд.

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон гуфт: Тайи ин давра гардиши молӣ байни ду кишвар 3. 5 баробар афзоиш ва ба 19 миллиард доллар расидааст.

Ба гуфтаи Тоқаев, ҳаҷми сармоягузории мустақими Русия дар иқтисоди Қазоқистон тайи 15 соли гузашта беш аз 16 миллиард доллар буд.

Вай афзуд: Сармоягузории Қазоқистон дар иқтисоди Русия низ 4. 5 миллиард доллар буда, ки рақаме нисбатан қобили тавваҷуҳ аст.

Ҳафдаҳумин ҳамоиши байниминтақаии Қазоқистон ва Русия ба сурати маҷозӣ ва бо ширкати сарони ду кишвар бо унвони «Ҳамкорӣ дар заминаи муҳити зист ва тавсеаи сабз» баргузор шуд.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп