Октябр 01, 2021 18:48 Asia/Dushanbe
  • Нишасти аломатгузории марзҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбакистон дар Самарқанд

Музокираи ҳайатҳои давлатии Узбакистон ва Тоҷикистон бо мавзӯи аломатгузории навоҳии марзӣ дар шаҳри Самарқанди Узбакистон баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа коршиносони комиссияи муштараки аломатгузории Узбакистону Тоҷикистон раванди аломатгузории марзҳои давлатиро баррасӣ карданд.

Дар музокироти тарафайн натоиҷи корҳои иҷрошуда дар навоҳии марзии Узбакистон ва Тоҷикистонро баррасӣ ва дар мавриди идомаи аломатгузорӣ тавофуқ карданд.

Ҳамчунин дар поёни музокироти ёдшуда тафоҳумномае имзо шуд.

Қарор аст нишасти ояндаи комиссияи муштараки аломатгузорӣ дар Тоҷикистон баргузор шавад.

Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳазору 333 километр марзи муштарак доранд, ки ҳазору 228 километраш марзи заминӣ ва 105 километр аз ин марз обӣ аст.

 

 

 

 

Барчасп