Ҳамид Хуросонӣ: Дар Панҷшер афроде ба ноҳақ зиндонӣ мешаванд
(last modified Sat, 02 Oct 2021 16:30:39 GMT )
Октябр 02, 2021 21:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳамид Хуросонӣ: Дар Панҷшер афроде ба ноҳақ зиндонӣ мешаванд

Омири амниятии “Толибон” барои Панҷшер аз дастгир шудани афроди бегуноҳ дар ин вилоят хабар дод.

Бино ба гузориши Радиои "Садои Хуросон", ки ба нақл аз яке аз "Спутник"، Абдулҳамид Хуросонӣ, омири амниятии “Толибон” барои Панҷшер мегӯяд, афроде ба ноҳақ ба зиндон афканда ва шиканҷа мешаванд. 

  • Ӯ мегӯяд, ки шикоят аз боздошт ва шиканҷаи афроди бегуноҳ дар Панҷшер ба ӯ расида. Ба гуфтаи вай, дар нисбати мардум набояд зулму истибдод ва беадолатӣ сурат гирад.
  • Қобили зикр аст, ки “Толибон” пас аз тассалут бар Панҷшер бархе аз бошандагони ин вилоятро водор ба кӯчкашӣ ва бархе афроди мулкиро дастгир, шиканҷа ва ё тирборон карданд.
  • Ҳамчунин Ҳамид Хуросонӣ раисҷумҳури Тоҷикистонро ба дахолат дар умури Афғонистон муттаҳам кард ва гуфт, касе ҳуқуқи дахолат ба сиёсати ин кишварро надорад.

Ёдрас менамоем, ки пештар муовинони роҳбари ҳукумати муваққатии “Толибон” (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) мулло Абдулғанӣ Бародар ва Абдусалом Ҳанафӣ гуфта буданд, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат мекунад.