Октябр 06, 2021 10:57 Asia/Dushanbe
  • Мушорикати роҳбурдӣ-меҳвари дидори раисони ҷумҳӯрии Узбекистону Туркманистон

Дар дидори раисони ҷумҳӯри Узбекистону Туркманистон дар шаҳри Тошканд бар таҳкими мушорикати роҳбурдии байни ду кишвар таъкид шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳӯри Узбекистон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон дар дидори расмӣ дар кохи Куксаройи  шаҳри Тошканд роҳҳои густариши ҳамкории роҳбурдии байни ду кишварро баррасӣ карданд .

Мирзиёев дар ин дидор гуфт : Тамоми тавофуқоти гузашта иҷроӣ шудааст ва имрӯз ду кишвар барои иҷрои тарҳҳои муштараки ҷадид ва таъйини роҳҳои ҷадиди тавсеъа аз тавонмандии хубе бархурдор ҳастанд.
Раиси ҷумҳӯрии Туркманистон низ бар сатҳи болои равобити мутақобили ду кишвар таъкид кард .
Бердимуҳаммадов изҳор кард : Узбекистон ҳамсояи наздик ва ҳамкори роҳбурдии Туркманистон аст .
Вай афзуд : Таи солҳои ахир ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, бозаргонӣ ва фарҳангӣ беш аз пеш тақвият шудааст .

Раисони ҷумҳӯр ҳамчунин дар мавриди мавзӯъоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ низ табодул назар карданд.
Арзиши мубодилоти бозаргонии Узбекистону Туркманистон дар соли 2020 ҳудуди 527 миллион доллар буд.
Ҳамакнун дар Узбекистон 160 ширкати туркманӣ дар заминаҳои мухталиф фаъолият мекунанд.

 

Барчасп