Октябр 08, 2021 18:05 Asia/Dushanbe
  • Миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон хатсайри нави автобусҳо боз мешавад

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ваъда дод, ки автобусҳои транзитӣ байни вилояти Сирдарё ва Тоҷикистонро роҳандозӣ мекунад.

Бино ба гузориши Радиои "Садои Хуросон" -и Тоҷикистон, иқтибос аз "Sputnik"،Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ваъда дод, ки автобусҳои транзитӣ байни вилояти Сирдарё ва Тоҷикистонро роҳандозӣ мекунад.

Хатсайр аз водии Фарғона мегузарад.

"Дар ояндаи наздик хатсайрҳои транзитии автобусҳо байни вилояти Сирдарё ва Тоҷикистон тавассути водии Фарғона роҳандозӣ мешаванд",-гуфт президенти Ӯзбекистон.

Дар доираи вохӯрии пешазинтихоботӣ бо интихобкунандагон Мирзиёев ба сокинон дар бораи рушди нақлиёт ва инфрасохтори муҳандисии вилояти Сирдарё гуфт.

Ба гуфтаи ӯ, таъмир ва сохтмони роҳҳои мошингард, инчунин роҳандозии хатсайрҳои нав дар назар аст.

 

Барчасп