Октябр 10, 2021 15:34 Asia/Dushanbe
  • Муҳофизи Ашрафғанӣ фасоди молии ӯро ифшо кард

Яке аз муҳофизони раиси ҷумҳӯри пешини Афғонистон мегуяд аз фирори Ашрафғанӣ бо бастаҳои пул тасвирҳоеро дар ихтиёр дорад, ки дурбинҳои мадорбастаи Арг онҳоро сабт карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Ато Шарифӣ, аз муҳофизони раёсати ҷумҳурии пешини Афғонистон, ки акнун таҳти таъқиби Толибон аст, гуфт : Дар сурате ки ба макони амн интиқол ёбад, дуздии Ашрафғаниро ифшо хоҳад кард .
У ба рӯзномаи англисии Дейли мейл низ гуфт : Барои исботи дуздии Ғанӣ далелҳои дурбини мадорбастаи Аргро дар ихтиёр дорад ва агар наҷот пайдо кунад онҳоро мунташир мекунад .

Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳӯри фирории Афғонистон пас аз фирор аз Кобул дар эъломияе гуфта буд, ки барои ҷилавгирӣ аз хунрезӣ Кобулро тарк кардааст .
Ӯ ҳамчунин гузоришҳо дар бораи интиқоли маболиғи ҳангуфти пулӣ ҳангоми фирор аз Кобулро рад кард .
Ашрафғанӣ бо вуруди Толибон аз кишвар фирор кард. Ӯ пас аз фирораш аз мардум маъзарат хост, ки натавониста умӯрро ба шакли дигаре ба поён бирасонад.