Омодагии Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер барои музокира бо Толибон дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 11 Oct 2021 09:21:48 GMT )
Октябр 11, 2021 14:21 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер барои музокира бо Толибон дар Тоҷикистон

Раҳбари ҳизби конгресси миллии Афғонистон аз омодагии неруҳои муқовимати Панҷшер барои музокира бо Толибон дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс  Латифи Пидром-раҳбари Ҳизби конгресси миллии Афғонистон дар мусоҳиба бо хабаргузории русии ТАСС ҳамчунин гуфт:Неруҳои муқовимат ҳаргиз музокира бо Толибонро мардуд надониста ва Тоҷикистон метавонад бистари хубе барои ин мавзӯъ бошад .
Пидром дар бахши дигаре аз суханони худ гуфт : Неруҳои муқовимат дар Панҷшер аз Тоҷикистони интизори ҳимояти сиёсӣ, инсонӣ ва маънавӣ дорад .
Ба гуфтаи вай Тоҷикистон дар маркази тавваҷуҳи мардуми Афғонистон буда ва дигар дар ҳошия нест . Ин кишвар бояд дар хатти муқаддам бошад ва ба унвони наздиктарин ҳамсоя тасмимоти муҳимме бигирад .
Пидром нақши Тоҷикистон дар дастёбӣ ба сулҳу суботро муҳим хонд ва гуфт : Ин кишвар дар сурати ба даст гирифтани ибтикори амал метавонад поро аз ин ҳам фаротар бигузорад.
Ин сиёсатмадори афғон дар бахши дигар бар лузӯми иртибот бо Амрикоин, Русия, Эрон ва Покистон ба лиҳози кумакҳои эҳтимолии онҳо таъкид кард.
Вай гуфт : Мо дар ҳоли иҷрои вазифаи меҳанпарастонаи худ ҳастем . Ниҳоятан ин мардуми афғон ҳастанд, ки бояд дар хусӯси чигунагии таъомул бо Толибон тасмим бигиранд .
Пидром ҳамчунин гуфт, ки ҷанги чирикӣ дар баробари Толибон дар дарраҳои Панҷшер ва ҳамчунин дар манотиқи Андаробу Морбулоти вилояти Бағлон идома дорад .
Пидром бо баёни ин ки дар бархе вилоятҳои Афғонистон манотиқи хориҷ аз контроли Толибон вуҷуд дорад, гуфт ки Толибон тамоми хоки Афғонистонро таҳти контроли худ надорад .
17 сентябр Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ва Имрон Хон- нахуствазири Покистон дар мавриди мусоидат ба баргузории музокироти байни Толибон ва тоҷикони Афғонистон дар шаҳри Душанбе тавофуқ карданд .
Дар натиҷаи ин музокирот Раҳмон таъкид кард, ки яке аз муҳимтарин вазоифи поён додан ба даргирӣ ва таниш дар вилояти Панҷшери Афғонистон дар асраъи вақт, эъломи оташбас ва боз кардани роҳҳо барои ироаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аст .



Бештар бихонед :