Октябр 13, 2021 14:40 Asia/Dushanbe
  • Вуруди 2 локомотиви дизелии Русия ба новгони рейлии Туркманистон

Бар асоси қарордодҳои басташуда дар октябр ва ноябри 2020 байни роҳи оҳанҳои Туркманистон ва Русия 2 локомотиви дизелии русӣ ба Туркманистон таҳвил дода шуд.

Дар маросими таҳвили локомотивҳо ишора шуд, ки Русия алоқаманд ба мушорикат дар тарҳҳои роҳи оҳани Туркманистон аст ва таҳвили локомотивҳои дизелии Русия барои роҳи оҳани Туркманистон оғози даври ҷадиде дар тавсеаи равобити тиҷории ду кишвар дар санъати ҳамлунақли рейлӣ аст.

Локомотивҳои мусофириву борӣ аз корхонаи локомотивсозии “Коломно” ва корхонаи мошинсозии “Брянск” вориди кишвар шуданд.

Локомотивҳои ҷадид ба беҳбуди короии хадамоти ҳамлунақли рейлии Туркманистон, беҳбуди иртибот байни манотиқи кишвар ва афзоиши зарфияти каридорҳои транзитӣ кумак мекунад.

Дар ҳошияи маросими таҳвили локомотивҳо Игор Букато, мудири ширкати “Возрождение” (Русия) бо мудири роҳи оҳани Туркманистон дидор кард.

Онҳо  дар ин мулоқот барои мушорикат дар тарҳҳои роҳи оҳани Туркманистон ибрози алоқа карданд.

Дар ин дидор дар мавриди имкони мушорикати ширкатҳои Русия дар пружаҳои роҳи оҳани Туркманистон дар ҷиҳати Шимол – Ҷануб ва Шарқ - Ғарб гуфтугӯ шуд.

 

 

Барчасп