Тавофуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари аломатгузории 90 километр марзи муштарак
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i75460-Тавофуқи_Тоҷикистон_ва_Қирғизистон_бар_сари_аломатгузории_90_километр_марзи_муштарак
Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари аломатгузории 90 километр марзи муштарак тавофуқ карданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Октябр 14, 2021 16:51 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари аломатгузории 90 километр марзи муштарак

Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари аломатгузории 90 километр марзи муштарак тавофуқ карданд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон эълом кард, Тоҷикистон ва Қирғизистон тайи ду моҳи ахир бар сари аломатгузории 90 километр марзи муштарак тавофуқ карданд.

Ба гузориши сомонаи АКИ Пресс,  Қамчибек Тошиев дар нишасти Маҷлиси қонунгузории Қирғизистон дар посух ба пурсиши яке аз намояндагон дар бораи раванди аломатгузории марзи муштарак бо Тоҷикистон гуфт: Тайи ду моҳи ахир 5 давр музокироти дуҷонибаи коргурӯҳҳои нақшабардории ду кишвар гузориш шуд.

Вай афзуд: Натоиҷи ин нишастҳо тавофуқ бар сари аломатгузории 90 километр аз марзи муштараки 976 километрии ду кишвар буд.

Вай таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамчунон бастааст.