Нишасти гуруҳҳои топографӣ ва кории ҳайатҳои давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i112372-Нишасти_гуруҳҳои_топографӣ_ва_кории_ҳайатҳои_давлатии_Тоҷикистон_ва_Қирғизистон
Нишасти гуруҳҳои топографӣ ва кории ҳайатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд .
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Март 04, 2024 17:43 Asia/Dushanbe
  • Нишасти гуруҳҳои топографӣ ва кории ҳайатҳои давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон
    Нишасти гуруҳҳои топографӣ ва кории ҳайатҳои давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Нишасти гуруҳҳои топографӣ ва кории ҳайатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд .

Аз 25 феврал то 3 марти соли 2024, нишасти гуруҳҳои топографӣ ва кори дар мавриди масоили ҳуқуқии ҳайатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояи Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд.

Ба гузориши Ховар ба нақл аз кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарафайн пешниҳодоти худро дар мавриди таъйини гузариши хати марзи давлати байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бахшҳои боқиимонда ба иштирок гузоштанд.

Дар нишаст оянда ки дар хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад дар хусуси идомаи кор тавофуқ шуд. Ин дидор дар фазои дустона ва ҳасани тафоҳум баргузор шуд.