Октябр 15, 2021 20:29 Asia/Dushanbe
  • Дастикам 20 куштаву захмӣ дар натиҷаи инфиҷор дар масҷиди шиаёни Қандаҳор

Инфиҷор дар масҷиди шиаёни Қандаҳор 20 нафар кушта ва захмӣ барҷой гузошт.

Манобеи мухталиф аз куштаву захмӣ шудани шуморе аз афрод дар пайи вуқӯи инфиҷор дар як масҷиди мутааллиқ ба шиаён, дар ҷануби Афғонистон хабар медиҳанд.

Расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла шабакаи хабарии «Алҷазира» -и Қатар аз манобеи амниятӣ дар Афғонистон нақл карданд, ки дар натиҷаи вуқӯи инфиҷор дар як масҷиди шиаён дар шаҳри Қандаҳор, дар ҷануби ин кишвар ҳангоми иқомаи намози ҷумъа шуморе аз афрод кушта ва захмӣ шуданд.

Манобеи амниятӣ дар ин бора таъкид карданд, ки ин инфиҷор интиҳорӣ будаву масҷиди Имоми Боргоҳ дар ҳавзаи аввали амниятии шаҳри Қандаҳор ба унвони маҳалли иқомаи намози ҷумъаи шиаёнро ҳадаф қарор додааст. Дар ҳоле ки омори аввалияи қурбониёни он низ ҳафт кушта ва 13 захмӣ эълом шуд.

Ҷумъаи ҳафтаи гузашта низ дар вилояти Қундӯзи Афғонистон низ ба масҷиди шиаён ҳамлаи интиҳорӣ анҷом шуд, ки теъдоди куштаву захмиҳо ба ба марзи 300 нафар расидааст.