ДИИШ масъӯли ҳамла ба масҷиди Фотимияи Қандаҳор
Гурӯҳи террористии ДИИШ масъӯлияти ҳамлаи имрӯз ба масҷиди шиъён дар Қандаҳори Афғонистонро бар ӯҳда гирифт.
Ба гузориши хабаргузории Форс, зуҳри рӯзи панҷшанбе бар асари ҳамлаи террористии ДИИШ ба масҷид Биби Фотима мавсӯм ба имоми Боргоҳ, воқеъ дар ноҳияи аввали Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон беш аз 33 нафар шаҳид ва 74 нафари дигар захмӣ шуданд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар вокуниш ба ин инфиҷор эълом кард, дастури боздошт ва пайгарди тамомии омилони ин ҳамла содир шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз он Муҷоҳид гуфта буд, ДИИШ ҳузури қобили таваҷҷӯҳе дар Афғонистон надораду мушкили бузурге дар ин кишвар маҳсӯб намешавад.
Илова бар ин ҷумъаи гузашта дар устони Қундӯзи Афғонистон ҳам як масҷиди шиъён ҳадафи ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифт ва бар асари он беш аз 200 нафар шаҳид ва захмӣ шуданд.
Масъулияти он ҳамла дар Қундӯзи Афғонистонро ҳам гурӯҳи террористии ДИИШ ба ӯҳда гирифт.
Бештар бихонед: