Октябр 17, 2021 11:16 Asia/Dushanbe
  • Дастури кори музокироти Афғонистону Узбекистон, густариши равобити тиҷории ду кишвар ва дигар масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ аст
    Дастури кори музокироти Афғонистону Узбекистон, густариши равобити тиҷории ду кишвар ва дигар масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ аст

Дар идомаи сафарҳои ҳайати Толибон ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, як ҳайати олирутба ба сарпарастии Мавлавӣ Абдуссалом Ҳанафӣ, муовини раиси давлати муваққати Толибон барои дидор бо мақомҳои узбекистонӣ, рӯзи шанбе (16 октябр) ба ин кишвар сафар кардааст.

Сухангӯи Толибон эълом кардааст, вазирони иқтисод, тиҷорат, таҳсилоти олӣ ва бархе мудирони умури бонкии Афғонистон ва низ бархе намояндагони расонаҳо, муовини раиси давлати муваққати Толибонро дар сафар ба Узбекистон ҳамроҳӣ мекунанд. Дар иртибот бо сафари ҷории ҳайати баландпояи Толибон ба Узбекистон, сухангӯи ин гурӯҳ ҳамчунин эълом кардааст: "дастури кори музокироти Афғонистону Узбекистон, густариши равобити тиҷории ду кишвар, транзит, роҳи оҳан ва дигар масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ аст.

Пеш аз ин ҳайатҳое аз давлати муваққати Толибон ба Эрон, Русия, Туркманистон, Туркия ва ҳатто Давҳаи Қатар сафар кардаанд. Ҳадаф аз анҷоми ин сафарҳо, додани итминон ба кишварҳои ҳамсоя ва кишварҳои зинафъ дар умури Афғонистон дар заминаи сиёсати хориҷӣ ва эҷоди суботу амният дар дохили Афғонистон ва дар марзҳои ин кишварҳо аст. Дар айни ҳол, мавзӯи боргирӣ низ матраҳ аст.

Давлати муваққати Толибон, ки токунӯн аз сӯи ҳеҷ як аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба расмият шинохта нашудааст, талош мекунанд, зимни ройзаниҳо бо кишварҳои минтақа, ба ин кишварҳо бавижа дар қиболи масоили мухталиф бавижа амният дар марзҳои Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя итминони лозимро бидиҳанд.

Яке аз муҳимтарин интизороти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аз давлати муваққати Толибон барои ба расмият шинохтани гурӯҳи Толибон дар Афғонистон, таъсиси як давлати фарогир дар ин кишвар эълом шудааст.

Бо вуҷӯди онки давлати муваққати Толибон токунӯн натавонистааст ба ин тааҳҳуди худ амал кунад, ба гумоназанӣ бо кишварҳои минтақа рӯй овардааст. Дар ин миён, мақомҳои Узбекистон ва ҳатто Тоҷикистон, ки ду кишвари Осиёи Марказии ҳаммарз бо Афғонистон ҳастанд, аз таҷаммуъи ҳазорон шибҳи низомии гурӯҳи террористии ДИИШ дар марзҳои ин ду кишвар бо Афғонистон ба шиддат нигарон ҳастанд.

Мақомҳои Узбекистон ва Тоҷикистон пеш аз ин борҳо нигарониҳои худро дар ин замина иброз доштаанд. Ин дар ҳоле аст, ки инфиҷорҳои ахир дар масоҷиди шиъён дар Афғонистон тавассути гурӯҳи террористии ДИИШ сӯрат гирифтааст.

Давлати муваққати Толибон дар Афғонистон барағми тааҳҳудҳое, ки дар ин замина ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон додааст, токунӯн натавонистааст ба ҳечяк аз тааҳҳудоти худ амал кунад. Ҳамин мавзӯ нигарониҳои мақомҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро ташдид карддааст. Дар айни ҳол, давлатмардони узбек ва тоҷик талош мекунанд аз давлати муваққати Толибон дар Афғонистон дар заминаи муроқибат аз марзҳо ва нуфӯзи гурӯҳи террористии ДИИШ ба Осиёи Марказӣ тааҳҳудоти лозимро дарёфт кунанд. Ин дар ҳоле аст, ки раҳбарони гурӯҳи Толибон ҳамвора эълом мекунанд, ки мавозеъи худро дар қибол бисёре аз масоили сиёсӣ ислоҳ кардаанд.

Дар ҳамин иртибот, Мавлавӣ Наимулҳақ Ҳаққонӣ, коршиноси барҷаста ва машҳури умури Толибон бо тавваҷуҳ ба гумоназаниҳои давлати муваққати Толибон бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, гуфтааст: "Аморати исломӣ бештар аз гузинаи ҷанг ба гузинаи сулҳу музокирот таъкид дорад, албатта ин амр ба тарафҳо бастагӣ дорад, ки то чӣ андоза ҳақоиқи майдониро дарк кунанд ва бар асоси он тасмим бигиранд".

Баҳар ҳол , дар ҷараёни сафарҳои намояндагони Толибон ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, мавзуоти муштараки зиёде вуҷӯд дорад, ки матраҳ мешавад. Бо вуҷӯди ин, чунин баназар мерасад, ки бархе дахолатҳои хориҷӣ шароити хосеро бар давлати муваққати Толибон таҳмил мекунад, ки ба нокомиҳои Толибон ба тааҳҳудоташ дар Афғонистон мунҷар мешавад. Бадеҳист, ки дар сӯрати идомаи дахолатҳои хориҷӣ, илова бар нокомиҳои давлати  муваққати Толибон, интизороти давлатҳои мудохилагар беш аз пеш ифшо ва заминаҳои расвоии минтақаӣ ва ҷаҳонии он даста аз кишварҳоро фароҳам хоҳад кард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп