Октябр 17, 2021 11:59 Asia/Dushanbe
  • Барномаи Туркманистон барои узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ

Мақомоти Туркманистон барои узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ талош мекунанд .

Дар комиссиюни давлатии Туркманистон мушорикат дар фаъолиятҳои Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ба унвони нозири фаъол дар дувоздаҳумин конфаронси вазирони хориҷаи ин созмон мавриди баррасӣ қарор гирифт .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба гуфтаи Вазорати хориҷаи Туркманистон мавориди пешнависи дастури кори комиссиюни давлатӣ ва тасвиби барнома дар бозаи замонии 2021 - 2022 дар заминаи таҳияи ёддошти наҳваи тиҷорати хориҷии Туркманистон баррасӣ шуд, ки пайвастани Туркманистон ба Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ба унвони як узви комил роҳбурди тиҷорати хориҷии ин кишварро барои солҳои 2021 – 2030 ро пешбинӣ мекунад .
Давоздаҳумини конфаронси вазирони Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ қарор буд дар июни 2020 дар шаҳри Нурсултон баргузор шавад, аммо ба далели ҳамагирии ҷаҳонии коронавирус ба имсол вогузор шуд . Ин конфаронс аз 30 ноябр то 3 декабри 2021 ба раёсати Қазоқистон дар Женева баргузор мешавад.
Ин конфаронс бо мушорикати вузарои бозаргонии ҳамаи 164 кишвари узви созмон ҳар ду сол як бор баргузор мешавад, ки конфаронси қаблӣ дар декабри 2017 дар Буйэнос-Айрес баргузор шуд .

 

Барчасп