Омода шудани пешнависи тафоҳумномаи аломатгузории навоҳии марзии Тоҷикистон ва Узбакистон
Мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбакистон пешнависи ниҳоии тафоҳумномаи аломатгузории навоҳии марзиро омода карданд.
Ба гузориши сомонаи «Ховар», дар дидори намояндагони ду кишвар, ки аз 12 то 19 октябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд, қисматҳои фаннии тафоҳумномаи аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар мавриди бархе аз манотиқи мавриди ихтилоф баррасӣ ва тавофуқномаи таъйини хутути марзҳо имзо шуд.
Акнун ба сохторҳои интизомӣ ва амниятӣ, нақшабардорӣ ва марзбонии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дастур дода шуд, ки то поёни соли 2021 насби нишонҳо ва сими хордорро дар манотиқи марзии ду кишвар ба поён расонанд.
Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти ду кишвар дар соли 2019 созишномаи тавофуқи комил дар бораи аломатгузории марзи муштараки ҳазору 332 километриро имзо карда буданд ва гуфта мешуд то поёни соли ҷорӣ ин тавофуқот ниҳоӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин қарор аст коргурӯҳи муштараки аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар моҳи ноябри соли ҷорӣ бо якдигар дидор кунанд.