Зиёни шоликорони қирғизӣ аз баста будани марз бо Тоҷикистон
(last modified Mon, 25 Oct 2021 08:40:04 GMT )
Октябр 25, 2021 13:40 Asia/Dushanbe
  • Зиёни шоликорони қирғизӣ аз баста будани марз бо Тоҷикистон

Шоликорони минтақаи Қадамҷой дар ноҳияи Ботканди Қирғизистон эълом карданд, ки баста будани марз бо Тоҷикистон муҷиби ворид омадани зарарҳои фаровон ба онон шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи АКИ пресс, солҳои қабл дар мавсими бардошти биринҷ ҳамарӯза 300 коргари тоҷик аз ноҳияи марзии Исфара барои кумак ба кишоварзони қирғизӣ меомаданд ва маҳсулотро низ харидорӣ ва ба Тоҷикистон мунтақил мекарданд.
Аммо имсол марзҳо баста аст ва кишоварзони қирғиз бо камбуди неруи кор, набуди имкони содироти биринҷ ба Тоҷикистон ва афзоиши ҳазинаи бардошти маҳсулот рӯбарӯ шудаанд, ки харҷи заҳамоти ононро ҷуброн намекунад .
Зеро солҳои қабл 70 дарсади биринҷи ноҳияи Қадамҷой ба Исфараи Тоҷикистон содир мешуд, ки акнун ин ҳосил дар дасти кишоварзони қирғиз мондааст. Ба ин далел ки дар бозори дохилӣ фурӯш надоранд ва афзоиши қимати сӯхт ва баста будани марзҳо бо Тоҷикистон имкони содиротро низ гирифтааст .
Узбекистон дигар кишвари  ҳамсояи Қирғизистон ҳам эълом кардааст, ки ниёзе ба воридоти биринҷ аз Қирғизистон надорад.



Бештар бихонед :