Тавофуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷамъоварии пулҳои пиёдагард дар ноҳияҳои марзӣ
(last modified Thu, 28 Oct 2021 10:20:13 GMT )
Октябр 28, 2021 15:20 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷамъоварии пулҳои пиёдагард дар ноҳияҳои марзӣ

Раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон дар бораи барчидани пулҳои пиёдагард дар ноҳияҳои марзии мавриди ихтилоф тавофуқ карданд.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷвик”, дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара рӯзи 27 октябр дидори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи ваколатдори раисҷумҳури Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдукарим Алимбоев баргузор шуд.

Дар ин мулоқот раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва раиси ноҳияи Ботканд Учқунбек Ҷоробоев, инчунин роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду вилоят низ ҳузур доштанд.

Ба навиштаи манбаъ,  “Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид ҷонибҳо дар бораи баркандани ду пули пиёдагард, ки сохтмонашон дар қаламрави деҳоти Сомониёни Тоҷикистон ва мавзеи Ӯчтеппаи Қирғизистон оғоз гардида буд, тавофуқ ҳосил карданд”.

Ҷонибҳо инчунин қарори муштарак қабул намуданд, ки дар сурати гузаштани чорво аз сарҳад, он баргардонида мешавад.