Баргузории понздаҳумин намоишгоҳҳои байналмилалии энержӣ дар Тошканд
(last modified Thu, 28 Oct 2021 10:27:02 GMT )
Октябр 28, 2021 15:27 Asia/Dushanbe
  • Баргузории понздаҳумин намоишгоҳҳои байналмилалии энержӣ дар Тошканд

Понздаҳумин намоишгоҳи байналмилалии энержии шаҳри Тошканди Узбекистон барпо шуд.

Ба гузориши Форс, дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ 60 ширкат аз кишварҳои Беларус, Олмон, Италия, Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ, Полша, Русия, Туркия, Украин ва Узбекистон ҳузур доранд.

Дар ин ду намоишгоҳи байналмилалӣ ширкатҳои фаъол дар заминаҳои тавлиди масолеҳу фанновариҳои сохтимонӣ ва таҷҳизоти энержӣ дастовардҳои рӯзи худро ба намоиш гузоштааст.

Намояндаи ширкати саҳҳомӣ «Узстройматериалы» дар маросими ифтитоҳияи ин намоишгоҳҳои байналмилалӣ гуфт, саноати сохтумонии Узбекистон, яке аз заминаҳои авлавиятдори иқтисоди кишвар аст ва бо вуҷӯди маҳдӯдиятҳои қарантин аз рушди пойдор бархӯрдор аст.

Мардон Отабеков афзуд, ҳамакнӯн дар шаҳрҳои бузург сохтумонҳои ҷадид, муҷтамаъҳои маскӯнӣ эҳдос ва сохтумонҳои куҳна бо бакоргирии фанновариҳои ҷадид ва масолеҳи навин бозсозӣ мешаванд.

Вай изҳор дошт, дар ин намоишгоҳ ширкатҳои фаъол дар заминаҳои тарроҳӣ, сохтумонӣ, таъмиру таҷҳизи сохтумонҳои тиҷорӣ ва маскӯнӣ ширкат мекунанд.