Октябр 30, 2021 10:04 Asia/Dushanbe
  • Таъйини сарпараст барои сафорати Афғонистон дар Покистон

Толибон барои сафорати Афғонистон дар Покистон сарпараст таъйин кард.

Ба гузориши Райтес, ҳукумати Толибон сарпарастеро барои идораи сафорати Афғонистон дар Покистон таъйин кард.

Бовуҷуди ба расмият нашинохтан давлати муваққати Толибон, ин гурӯҳ намояндаи ҷадидро барои идораи сафорати Афғонистон дар Покистон таъйин кардааст.

Муҳаммад Шакиб ба унвони кордори сафорати Афғонистон дар Покистон таъйин шуд.

Агарчӣ Покистон ҳануз ҳукӯмати Толибонро ба расмият нашинохтааст, аммо Афғонистон кордор ба ин кишвар муаррифӣ кард.

Илова бар ин, Афғонистон ду консул барои консулгарии шаҳрҳои Кувайта ва Пешовар низ мансӯб кардааст.

Дар ҳамин ҳол, вазорати хориҷа ва кишвари Афғонистон таъйид карданд, ки интисобҳои мушобеҳ дар Давҳа ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ анҷом шудааст.

Ҳамчунин муовини сухангӯи ҳукӯмати Толибон гуфт, Шайх Мавлавӣ Абдулҳаким ба унвони раиси Девони олии Афғонистон мансӯб шуд.

Билол Каримӣ тавзеҳ дод, Шайх Муҳаммадқосим, муовини қазоӣ ва Шайх Абдулмолик ҳам муовини идории Додгоҳи олӣ таъйин шуданд.

Гурӯҳи Толибон, Усома Азизро низ ба унвони раиси ҷадиди Донишгоҳи Кобул мансӯб кард.

Азиз аҳли вилояти Нангарҳор ва дар Донишгоҳи Исломобод таҳсил кардааст, ӯ мадраки докторӣ дар риштаи «фиқҳ ва қонӯн» дорад.

 

Барчасп