Октябр 31, 2021 13:07 Asia/Dushanbe
  • Алоқаи сармоягузорони эронӣ ба ҳузуру сармоягузорӣ дар  Фарғонаи Узбекистон

Сармоягузорони эронӣ қасд доранд дар водии Фарғонаи Узбекистон чандин корхона бунёд кунанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷаводбек Зореъӣ-сармоягузори эронӣ ва Иқболҷон Эргашев-муовини ҳокими Фарғона ва раиси созмони сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии ин вилоят дар дидоре дар « Хонаи соҳибкорон» иҷрои тарҳҳои сармоягузорӣ дар ин вилоятро баррасӣ карданд .

Зореъӣ дар ин мулоқот гуфт : Дар вилояти Фарғона як корхонаи бастабандӣ ва тавлиди коғаз ба арзиши 3 миллиону 150 ҳазор доллар, як корхонаи нассоҷӣ ба арзиши як миллиону 600 ҳазор доллар ва ҳамчунин як корхонаи тавлиди фаровардаҳои пластикиро роҳандозӣ хоҳанд кард .
Иқболҷон Эргашев-муовини ҳокими Фарғона низ гуфт : Сармоягузорони бисёри хориҷӣ хостори анҷоми фаъолияти сармоягузорӣ дар ин вилоят ҳастанд,чун дар ин минтақа барои сармоягузорони хориҷӣ шароити муносиб эҷод шудааст .
Тарафи эронӣ ҳамчунин алоқамандии худро барои сармоягузорӣ дар заминаи сохту сози биноҳои маскунӣ низ иброз дошт .
Зореъӣ дар поёни ин дидор таъкид кард ба ҳамроҳи сармоягузорони дигари эронӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ барои имзои қарордодҳои сармоягузорӣ ба ин минтақа сафар кунанд.

Ҳамакнун дар Узбекистон 272 ширкати эронӣ фаъолият мекунад ва мизони мубодилоти бозаргонии байни ду кишвар дар 8 моҳи гузаштаи соли 2021 милодӣ 158 миллион доллар будааст .

 

Барчасп