Охирин ҷузъиёт аз инфиҷорҳои Кобул: Поёни даргирӣ бо дастгирии муҳоҷимони мусаллаҳ
Ноябр 02, 2021 23:26 Asia/Dushanbe
Ҳамлаи муҳоҷимони мусаллаҳ ба бемористони низомӣ дар минтақаи Вазир Муҳаммад Акбархони шаҳри Кобул бо боздошти ду муҳоҷим поён ёфтааст.
Манобеи хабарӣ гузориш доданд, дар ду инфиҷор дар Кобул дастикам 19 нафар кушта ва 43 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ин инфиҷорҳо зуҳри сешанбе, 11 обони 1400 дар наздикии вурудии бемористони низомии Сардор Муҳаммад Довудхон рух додааст.
Ба гузориши Алҷазира, дар ин рӯйдодҳо 19 нафар кушта ва 43 тани дигар захмӣ шудаанд.
Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамалотро бар ӯҳда гирифтааст.