Ноябр 03, 2021 14:06 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши муштараки Узбакистон ва Қазоқистон

Размоиши муштараки неруҳои мусаллаҳи вижаи Узбакистон ва Қазоқистон «Қалқон - 2021» дар подгони горд оғоз шуд.

Вазорати дифои Қазоқистон эълом кард, размоиши муштараки неруҳои мусаллаҳи вижаи Узбакистон ва Қазоқистон дар подгони горд оғоз шуд.

Бар асоси ин гузориш, дар ин размоиш аз Қазоқистон ҳудуди 250 нафар низомӣ, беш аз 40 дастгоҳ таҷҳизоти зиреҳӣ ва мошин, 10 адад ҳавопаймо, аз ҷумла паҳпод ширкат мекунанд.

Ин размоиш ҳамоҳангии иқдомоти созмонҳои мудириятӣ ва воҳидҳо дар замони анҷоми амалиёти вижа ва ҳамчунин густариши ҳамкориҳои байналмилалии низомиро дар назар дорад.

 

 

Барчасп