Ноябр 03, 2021 15:24 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон муддаии сохтусози ғайриқонунии тоҷикҳо дар навоҳии марзӣ шуд

Мақомоти вилояти Ботканди Қирғизистон тарафи тоҷикистониро ба идомаи сохтусози ғайриқонунӣ дар ноҳияи марзии муштарак муттаҳам карданд.

Ба гузориши сомонаи «Аки Пресс», тарафи қирғизистонӣ муддаӣ шудааст, ки мақомоти фармондории Чоркӯҳи ноҳияи Исфара иқдом ба сохти пули иртиботӣ дар минтақаи марзии мавриди ихтилофи ду кишвар кардаанд, ки ин иқдом муғойир бо тавофуқоти дуҷониба аст.

Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, ҳафтаи қабл руасои вилоятҳои Суғд ва Ботканд дар дидоре мутааҳҳид шуда буданд, ки то замони аломатгузории ниҳоии марзи ду кишвар аз ҳар навъ сохтусоз дар манотиқи мавриди ихтилоф худдорӣ хоҳанд кард.

Акнун ба манзури баррасии ин мавзуъ музокироте миёни мақомоти марзбонӣ ва масъулони ноҳияҳои марзии Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон оғоз шудааст.

Ихтилофи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар пайи даргирии 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ ташдид шуд.

Дар он даргириҳо теъдоди зиёде аз низомиён ва сокинони навоҳии Исфара ва Ботканд кушта ва захмӣ шуданд ва гузаргоҳҳои марзии ду кишвар баста шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп