Партоби санг ба худрави марзбонони Қирғизистон
(last modified Sun, 07 Nov 2021 11:22:35 GMT )
Ноябр 07, 2021 16:22 Asia/Dushanbe
  • Партоби санг ба худрави марзбонони Қирғизистон

Бар асари партоби санг худрави марзбонони Қирғизистон дар ноҳияҳои марзии вилоятҳои Ботканд ва Суғд осеб дид .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи АКИ пресс, хадамоти марзбонии Қирғизистон муддаӣ аст, ки марзбонони тоҷик ба самти ин худрав санг партоб карданд ва қасд доштанд ки ронандаи онро ҳам дастгир кунанд .
Дар ҳоли ҳозир мақомоти марзбонии ду кишвар ин мавзӯро баррасӣ мекунанд.
Аммо  Кумитаи марзбонии Тоҷикистон то ба ҳол ба ин иддаои тарафи Қирғизистон посух надодааст .
Бо вуҷуди ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ  фақат 520 километр аз марзи 976 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.
Пас аз даргирии охири моҳи апрели соли ҷорӣ миёни низомиён ва сокинони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон, ки бо 80 кушта ва 200 захмӣ ҳамроҳ буд, гузаргоҳҳои марзии ду кишвар ҳамчунон бастааст .



Бештар бихонед :