Ноябр 10, 2021 13:38 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ду баробарии воридоти бензин ба Узбакистон

Узбакистон тайи 9 моҳи соли 2021 мелодӣ воридоти бензинро ҳудуди 2 баробар афзоиш додааст.

Кумитаи давлатии омори Узбакистон эълом кард, тайи ин муддат Узбакистон 289 миллион литр бензин ба арзиши 104 миллион доллар ворид кардааст.

Бар асоси гузориши кумитаи давлатии омори Узбакистон аз Русия 140 миллиону 500 ҳазор литр, аз Туркманистон 126 миллиону 800 ҳазор литр, аз Қазоқистон 16 миллион литр, аз Ироқ 3 миллиону 600 ҳазор литр бензин ворид кардааст.

Зарфияти 3 полоишгоҳи Узбакистон дар Бухоро, Фаарғона ва Олтиориқ ҳудуди 10 миллион тон дар сол аст.

Бар асоси омори расмӣ, истихроҷи нафт дар Узбакистон дар соли 2020 мелодӣ нисбат ба соли 2019 мелодӣ 4. 9 дарсад ҳудуди 733 ҳазору 600 тон афзоиш ёфтаву тавлиди бензин низ нисбат ба соли 2019 мелодӣ 0. 9 дарсад коҳиш доштааст.

 

Барчасп