Толибон аз фурсати эҷодшуда барои наҷоти мардуми Афғонистон истифода кунад
Мудири кулли Осиёи ғарбии Вазорати хориҷаи Эрон баёнияҳои Теҳрон, Деҳлии Нав ва Исломободро ба ҳам наздик ва бо хостаҳои мушобеҳ донист.
Расули Мӯсавӣ дар твитте навишт: Баёнияҳои Теҳрон (нишасти ҳамсоягон), Деҳлии Нав (нишасти мушовирин ва дабирони амнияти миллӣ) ва Исломобод (тройкаи густарда) бисёр ба ҳам наздик, бо нигарониҳо, хостаҳо ва фарохониҳои мушобеҳ, фурсати бисёр хубе барои Толибон аст то бо қабули фасли муштараки баёнияҳо, кишвар ва мардуми Афғонистонро аз буҳрон наҷот диҳад.
Амрико ва муттаҳидонаш дар соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон, ба ин кишвар ҳамла карданд ва ин ишғолгарӣ боиси ҷангу даргирӣ ва густариши терроризм ва афзоиши тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар шуд.
Низомиёни амрикоӣ дар ниҳоят пас аз 20 соли ишғолгарӣ, дар авохири моҳи августи 2021 бо хиффату сарафкандагӣ аз Афғонистон хориҷ шуданд.
Гурӯҳи Толибон ҳам аз 15 август қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт.