Ноябр 14, 2021 12:37 Asia/Dushanbe
  • Дидори Мирзиёев бо дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон

Раиси ҷумҳури Узбакистон дар шаҳри Истанбул бо дабири кулли шӯрои ҳамкори кишварҳои туркзабон дидору гуфтугу кард.

Ба гузориши  Форс, Шавкат Мирзиёев бо Бағдод Амириев, дабири кули Шурои ҳамкории кишварҳои туркзбон дидор ва гуфтугу кард.
Дар ин дидор ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар чорчуби созмони баррасӣ шуд.
Ҳар дутараф бо ризоятманди бар тавсияи гуфтугуи  муассир ва густариши ҳамкориҳои амали байни кишварҳои узви шуро таъкид карданд.
Дар ин дидор баён шуд, ки тайи солҳои охир мубодилоти бозаргони Узбакистон бо кишварҳои шурои туркзабон ду баробар ва теъдоди ширкатҳо ва тарҳои муштарак ба 4 ҳазор маврид расидааст.

Ҳамчунин такид шуд, ки дар солҳои ҷорим мелодӣ дар Узбакистон маросимҳои муҳим, аз ҷумла дидорҳои вазирони фарҳанг дар Хайва ва вазирони гардишгари дар Хуқанд нишасти ҷавонон дар шаҳри Тошканд ва дигар маросимҳо баргузор шудааст.

Шурои ҳамкории кишварҳои туркзабон 3 октиябри соли 2009  дар шаҳри Нахҷувони ҷумҳурии Озарбойҷон  таъсис шуд.

Ҳамакнун Узбакистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия аъзои ин созмон ҳастанд ва Узбакистон дар соли 2019  узви ин созмон шуда аст.

Барчасп