Тавлиди солона 90 миллион тон нафти хом дар Қазоқистон
(last modified Wed, 17 Nov 2021 07:37:01 GMT )
Ноябр 17, 2021 12:37 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди солона 90 миллион тон нафти хом дар Қазоқистон

Солона 90 миллион тон нафти хом дар Қазоқистон тавлид мешавад.

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон гуфт, ин кишвар дар ҳоли ҳозир бо тавлиди 90 миллион тон нафти хом дар сол, яке аз бузургтарин содиркунандагони ин навъи маҳсул дар ҷаҳон аст.

Қосим Жоомарт Тоқаев ин матлабро дар маросиме ба муносибати биступанҷумин солгарди таъсиси Консорсиюми хати лӯлаи Каспиян баён кард.

Бинобар суханони раиси ҷумҳурии Қазоқистон, бунёди системаи хати лӯлаи Каспиян, ки нафти ин кишвар аз тариқи он содир мешавад, таъсири вижае бар тавсеаи бахши нафту газ доштааст.

Ба гуфтаи Тоқаев, имрӯза Консорсиюми хати лӯлаи Каспиян намунае аз фаъолияти ҳамоҳангу коромади ҳамаи саҳҳомдорон аст. Аз соли 2001 беш аз 750 миллион тон нафти қазоқӣ аз тариқи ин хати лӯла ба бозорҳои ҷаҳонӣ содир шудааст.

Вай бо баёни ин ки зарфияти хуруҷии ин хати лӯла тақрибан 2. 5 баробар афзоиш ёфтааст, (то 67 миллион тон дар сол) гуфт: Қарор аст то соли 2023 ин мизон ба 80 миллион тон афзоиш ёбад.

Бинобар суханони вай, консорсиюми хати лӯлаи Каспиян тарҳе муҳим дар санъати нафту гази Қазоқистон аст, ки саҳми қобили таваҷҷуҳе дар тавсеаи иқтисодии кишвар ва тазмини рифоҳи шаҳрвандони он дорад.