Ноябр 17, 2021 17:21 Asia/Dushanbe
  • Нишасти ҳайатҳои Эрон ва Толибон дар Кобул

Нишасти кумитаҳои коргурӯҳ байни ҳайатҳои Эрон ва Толибон дар Кобул, пойтахти Афғонистон баргузор шуд.

Ҳафт кумита дар нишасти коргурӯҳи байни ҳайатҳои Эрон ва Толибон ташкил шуда, ки шомили кумитаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, муҳоҷирон, сиёсӣ, амниятӣ, марзҳову об ва барқ аст.

Ҳасани Козимии Қумӣ, намояндаи Эрон дар умури Афғонистон ва Баҳодури Аминиён, сафири Эрон дар Кобул ба ҳамроҳи мақомоти иқтисодии эронӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ин нишаст ҳузур доранд ва аз тарафи Толибон ҳам вазири кишоварзӣ, вазири муҳоҷирон, вазири иқтисод ва вазири тиҷорату санъат ширкат карданд.

Ҳасани Козимии Қумӣ, намояндаи Эрон дар умури Афғонистон ба ҳамроҳи ҳайати сиёсӣ ва иқтисодӣ субҳи рӯзи душанбеи ин ҳафта вориди фурудгоҳи Кобул шуд ва мавриди истиқболи мақомоти давлати Толибон дар Афғонистон қарор гирифт.

Намояндаи Эрон дар умури Афғонистон ҳангоми вуруд ба Кобул бо баёни ин ки Афғонистон зарфиятҳои хубе барои ҳамкории иқтисодӣ дорад, гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ва Афғонистон ду кишвари ҳамсоя, бародар ва мусулмон ҳастанд ва таърихе куҳан дар равобити дуҷониба доранд.

 

 

 

 

 

Барчасп