Азми Қазоқистон барои афзоиши тавлиди нафт
Ноябр 19, 2021 18:18 Asia/Dushanbe
Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон аз қасди кишвараш барои афзоиши мизони тавлиди нафт то соли 2026 мелодӣ хабар дод.
Ба гузориши «Форс», Асит Эргалиев гуфт, қимати нафт дар соли 2022 мелодӣ ба 64. 5 доллар барои ҳар як бушка ва дар соли 2023 ба 58 доллар хоҳад расид.
Вай мизони тавлиди нафт дар соли 2022 мелодиро 87. 9 миллион тон пешбинӣ кард ва афзуд: Ин рақам дар соли 2026 мелодӣ ба 107. 4 миллион тон афзоиш меёбад.
Ба гуфтаи вазири иқтисоди миллии Қазоқистон, афзоиши тавлиди нафт дар пайи иҷрои пружаи рафъи тангноҳо дар хати лӯлаи нафти Консорсиюми хати Каспиян барои афзоиши зарфияти он дар бахши қазоқии дарёи Хазар то соли 2023 мелодӣ сурат хоҳад гирифт.
Барчасп