Омодагии Туркманистон барои оғози кори тарҳи ТАПИ дар Афғонистон
(last modified Sun, 21 Nov 2021 07:30:21 GMT )
Ноябр 21, 2021 12:30 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Туркманистон барои оғози кори тарҳи ТАПИ дар Афғонистон

Вазири хориҷаи Туркманистон аз омодагӣ барои афзоиши ҳамкории дуҷониба ва оғози кори иҷрои тарҳи ТАПИ дар Афғонистон хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, ТАПИ аз муҳимтарин тарҳҳои газрасонии Афғонистон аст, ки кори амалиётии он аз давлати пешини ин кишвар оғоз ва ба далели таҳаввулоти ахир ва ноамнии ин тарҳи муҳим мутаваққиф шуда буд .
Ба тозагӣ ҳайати баландпояе аз масъӯлони ҳукумати Толибон бо ҳайате аз масъулони кишвари Туркманистон дар дар Ҳирот дидор карда ва қарор аст ба зудӣ кори пружаҳои ТАПИ, ТАП, алоқаи фибринурӣ ва  роҳи оҳани миёни ду кишвар аз сар гирифта шавад .

Мавлоно Нураҳмади Исломии Ҷори-волии Ҳирот дар ин нишаст гуфт : Туркманистон яке аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон буда, ки аз гузашта равобити ҳасанаи миёни ду кишвар барқарор будааст .
Вай аз масъулони баландпояи кишвари Туркманистон хост, то ҳамкориҳои худро нисбат ба гузашта густариш диҳанд ва дар шароити кунунӣ талош кунанд то кори пружаҳои зербиноироро оғоз кунанд .

Аз сӯи дигар Муҳамад Исо-вазири маодини Афғонистон, ки раёсати ҳайати Афғонистонро бар уҳда дорад бо ишора ба пешинаи иртибототи ҳасана ва бетарафии Туркманистон дар таҳаввулоти ахир гуфт : Афғонистон омодааст то дар тамоми арсаҳо равобити худро бо кишвари Туркманистон идома диҳад .
Вай таъкид кард : Мушкилоти пешу рӯи оғози кори амалии тарҳи ТАПИ рафъ шуда ва бо таъини моликияти замин кори амалии ин пружа оғоз хоҳад шуд ва дар ин росто хоҳони ҳамкориҳои густарда аз ҷониби Туркманистон ҳастем .
Вазири маодини Афғонистон ҳамчунин хотир нишон кард : Афғонистон омодааст то ҳамкориҳои транзитии худро дар қисмати содироти колоҳои бозаргонии кишвари Туркманистон ба кишварҳои Покистону Ҳинд анҷом диҳад .