Ноябр 24, 2021 12:38 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои тарҳҳои муштараки иқтисодӣ-меҳвари дидори мақомоти Туркманистон ва Афғонистон

Ҳайати тукрманистонӣ дар сафар ба Ҳироти Афғонистон бо мақомоти ин кишвар дар мавриди иҷрои тарҳҳои муштараки иқтисодӣ баҳсу табодули назар карданд.

Ҳайате ба раёсати Хоҷа Авазов дар сафар дар шаҳри Ҳирот мавзӯи роҳандозии тарҳои муштараки иқтисодиро баррасӣ карданд

Ҳайати туркманистонӣ дар дидор бо Муҳаммад Исо, сарпарасти Вазорати маъдан ва нефти Афғонистон баҳрабардорӣ аз тарҳҳои муштарак ва минтақаи иқтисодӣ ва энергетикаро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Дар ин дидор ба таври хос, музокирот бар мавзуоте монанди тарҳҳои хати лулаи гази ТАПИ, хатҳои иртиботии интиқоли барқ ва фебри нури ТАПИ ва хати оҳан тамаркуз дошт.

Нураҳмад Исломҷор, устондори Ҳирот, ки яке аз аъзои ҳайати Афғонистон буд гуфт: Мо дар мавриди ҷанбаҳои фаннӣ ва кори майдони тарҳи ТАПИ баҳс кардем.

Вай афзуд: Дар ин дидор дар мавриди хати оҳани Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон низ табодули назар шуд.

 

Барчасп