Ноябр 30, 2021 10:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳуқуқи башар - меҳвари ройзании мақомоти Узбакистон ва Созмони Милал

Вазири умури хориҷаи Узбакистон ва гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар дидоре дар Тошканд, ҳамкориҳои Узбакистон бо Созмони Милал ва сохторҳои тахассусии он дар заминаи ҳуқуқи башарро баррасӣ карданд.

Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон ва гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури тарвиҷу ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва озодиҳои асосӣ ва мубориза бо терроризм дар дидоре дар шаҳри Тошканд, ҳамкориҳои Узбакистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои тахассусии он дар заминаи ҳуқуқи башарро баррасӣ карданд.

Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Узбакистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ироаи кумаки амалӣ ба афроде ки дар вазъияти сахт дар дигар кишварҳо қарор доштанд, аз ҷумла бозгашти мардум ба хусус занону кӯдакон аз манотиқи ҷанг дар Ғарби Осиё ташаккур кард.

 

Барчасп