Ноябр 30, 2021 18:45 Asia/Dushanbe
  • Қарордоди сеҷонибаи гази Туркманистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон аз хоки Эрон аз муҳимтарин қарордодҳои иқтисодӣ ва энержӣ аст
    Қарордоди сеҷонибаи гази Туркманистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон аз хоки Эрон аз муҳимтарин қарордодҳои иқтисодӣ ва энержӣ аст

Нишасти сарони даҳ кишвари узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ )ЭКО) ва ҳамзамони нишасти сарони панҷ кишвари соҳилии Дарёи Хазар дар Ашқобод баргузор шуд.

Дар ин нишасти муштарак, ки бо ҳузури Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд, дастовардҳои муҳимме дар бахшҳои энержӣ, тиҷорат, ҳамлу нақл ва транзит доштааст. Ба ҳамин далел, коршиносон, нишасти Ашқободро аз ҷумлаи муҳимтарин нишастҳои ЭКО дар беш аз се даҳаи гузашта қаламдод мекунанд.

Яке аз муҳимтарин тавофуқномаҳои имзо шуда дар ҷараёни нишасти Ашқобод, имзои қарордоди сеҷонибаи гази Туркманистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон аз тариқи арозии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Дар ин санади муҳим, ки дар ҳошияи нишасти сарони Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар Ашқобод, пойтахти Туркманистон ва дар ҳузури сарони Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷону Туркманистон ба имзо расид, муқарар шудааст, ки ҳар сол яку ним то 2 миллиард метри мукааб гази  Туркманистон аз хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон интиқол ёбад.

Бидуни шак, қарордоди се ҷонибаи гази Туркманистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон аз хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз муҳимтарин қарордодҳои иқтисодӣ ва энержӣ дар чорчӯби созмони ЭКО ва кишварҳои ҳошияи дарёи Хазар аст.

Дар ҳақиқат бояд гуфт, ҳамкориҳо дар умӯри энержӣ, аз ҷумлаи авлавиятҳои созмони ЭКО аст, ки дар ҷараёни нишасти Ашқобод муҳаққақ шуда ва як қарордоди бурд - бурд маҳсӯб мешавад.

Туркманистон ба унвони кишваре, ки асли даромадаш аз тариқи содироти газ таъмин мешавад, ҳамвора дар андешаи танаввуъбахшӣ ба аҳдофи содиротӣ будааст. Ба ҳамин далел, давлати Ашқобод барандаи нахусти ин тавофуқномаи сеҷонибаи газӣ аст. Туркманистон зимни ёфтани роҳе барои содироти гази табиии худ, тавонистааст содироти ин маҳсӯлро аз инҳисори Чин хориҷ кунад. Бавижа ки дар чаҳор соли гузашта, Чин танҳо харидори гази табиии Туркманистон маҳсӯб мешудааст. Ба ҳамин далел, Туркманистон нахустин барандаи тавофуқномаи сеҷонибаи газӣ аст.

Дар айни ҳол, бо тавваҷуҳ ба талошҳои чандсоли гузаштаи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба манзури ёфтани шариконе ҷиҳати таъмини ниёзҳои Иттиҳоди Аврупо ба гази табиӣ дар дарозмуддат, тардиде нест, ин кишвари дуюмин барандаи ин тавофуқномаи ҳамкории сеҷонибааст. Аз ҷумла ин ки мақомҳои давлати Илҳом Алиев фурсати дигаре ба даст овардаанд то ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Ҷумҳурии Озарбойҷонро бо Эрон бори дигар бозсозӣ кунанд. Дар пайи ҳамкориҳои низомии Ҷумҳурии Озарбойҷон бо режими нажодпарасти Исроил ва мавзеъгириҳои манфии раиси Ҷумҳурии Озарбойҷони алайҳи Эрон, равобити Теҳрону Бокӯ дар моҳҳои ахир ба самти тирагӣ мутамоил шуда буд. Аммо ин тавофуқномаи сеҷониба фурсати дигаре барои мақомҳои Бокӯ фароҳам кардааст то иштибоҳоти гузаштаи худро дар робита бо Эрон ҷуброн кунанд.

Дар ҳамин замина, Илҳом Алиев, раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон пас аз дидор бо Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар Ашқобод ба хабарнигорон гуфт: " Миллатҳоямон бародаранд, кишварҳоямон бародаранд ва масоиле, ки имрӯз музокира шуданд якбори дигар нишон медиҳад, ки равобити Эрон - Ҷумҳурии Озарбойҷон дар сатҳ ихеле олӣ қарор дорад. Ҷумҳурии Озарбойҷони гази Туркманистонро аз тариқи Эрон харидорӣ хоҳад кард. Ин барои ҳамкории сеҷониба бистар муносибе аст ва нияти моро нишон медиҳад. Ин санад аз назари иқтисодӣ ва амнияти энержӣ низ хеле аҳаммият дорад".

Бадеҳист, ки муовизаи газу нафти кишварҳои минтақа бо Эрон, аз мутмаинтарин ва камҳазинатарин равишҳои интиқоли энержӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон аст. Дар воқеъ, бо тавваҷуҳ ба мавқеъияти ҷуғрофиёии кишварҳои ҳошияи дарёи Хазар ва ҳамчунин мазияти нисбии Эрон дар минтақа, қарордоди нафти хому гази табиии кишварҳои ҳавзаи дарёи Хазар бо Эрон, аз амнтарину арзонтарин роҳҳои интиқоли энержӣ аст.

Ин амр зимни костан аз ҳазинаҳои чашмгири эҳдоси хутути лӯлаи интиқоли нафти хому гази табиӣ аз масирҳои мухталиф, арзонтарину иқтисодитарин равиши интиқоли энержӣ, талаққӣ мешавад. Бавижа ки Эрон бо бархӯрдорӣ аз манобеи табиии нафти хому гази табиӣ ба осонӣ метавонад хостаҳои тамомии кишварҳои ҳошияи дарёи Хазар ва кишварҳои узви Созмони Ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) -ро дар заминаи нафту гази табиӣ муҳаққақ созад. Эрон бо доро будани наздик ба чиҳилтриллион метри мукааб гази табиӣ исбот шуда, ҷойгоҳи вижае дар сатҳ ҷаҳон дорад ва дар ин иртибот ба хусус қарордоди энержӣ метавонад садҳо сол интиқоли энержии кишварҳои минтақаро таҳти ҳимояти худ қарор диҳад. Ин дар ҳоле аст, ки ба далели мавқеъияти ҷуғрофиёии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва маҳдӯдиятҳои ҷуғрофиёии ин кишварҳо, Эрон метавонад иртиботи кишварҳои ин манотиқро бо обҳои озоди байналмилалӣ барқарор намояд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп