Хусусисозии 700 ширкат дар Қазоқистон
(last modified Sun, 05 Dec 2021 07:56:59 GMT )
Декабр 05, 2021 12:56 Asia/Dushanbe
  • Хусусисозии 700 ширкат дар Қазоқистон

Раиси ҷумҳӯри Қазоқистон дар « Оқ урду » бо намояндагони бархе ширкатҳои сармоягузории бузурги байналмиллалӣ дидору гуфтугу кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Қосимжомарт Тоқоев дар ин дидор сармояҳои хориҷиро яке аз авомили калидии тавсеъаи кишвараш унвон кард ва гуфт : Дар Қазоқистон ба беҳбуди фазои сармоягузорӣ таваҷҷуҳи вижае мешавад .

Вай афзуд : Иқдомоти систематӣ ва ҳамаҷониба дар ин замина ба мо ин имконро дод, ки ба бузургтарин иқтисоди Осиёи Марказӣ ва яке аз кишварҳои бо тезтарин рушди иқтисодӣ дар фазои ИДМ табдил шавем .
Раиси ҷумҳӯри Қазоқистон бо баёни ин ки дар тӯли солҳои Истиқлол беш аз 370 миллиард доллар сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисоди ин кишвар ҷазб шуда гуфт : Ҳимоят аз сармоягузорон аз авлавиятҳои давлати Қазоқистон ба шумор меравад.
Бинобар суханони раиси ҷумҳӯри Қазоқистон ин кишвар дорои бузургтарин бозори сармоя дар минтақа аст .
Вай афзуд : Бонки Миллӣ фаъолона рӯйи тавсеъаи бештари сохторҳои қарздеҳӣ ва авроқи баҳодор кор мекунад . Дар Қазоқистон як зерсохти ҳуқуқӣ ва моддии тавсеаёфта эҷод шуда ва ду биржаи авроқи баҳодор, аз ҷумла « бозори биржаи авроқи баҳодори Қазоқистон » дар шаҳри Алма-Ато ва Маркази молии байналмилалии « Остона » бо муваффақият фаъолият мекунанд .

Тибқи суханони Тоқоев бо арзаи аввалияи саҳҳоми ширкат « Қазатомпром”, пешгом дар истихроҷи урани ҷаҳон ва « КаспиКаз » пешқадами минтақаӣ дар ҳавзаи фанноварии молӣ имкони афзоиши пӯёӣ ва нақдинагии бозори сармояро фароҳам кард .
Тоқоев дар ин маврид гуфт : Дар ҳоли ҳозир як маъракаи густарда барои хусӯсисозии беш аз 700 ширкати давлатӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод, аз ҷумла нафту газ, энержӣ  ва зерсохтҳо дар ҳоли иҷро аст .