Додгоҳи Қирғизистон ҳукми зиндони ду шаҳрванди Тоҷикистонро тағйир дод
Додгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон ҳукми зиндони ду шаҳрванди Тоҷикистонро тағйир дод.
Ба гузориши сомонаи Топ ТҶ, бар асоси ҳукми ҷадиди ин додгоҳ ,зиндони абад барои Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов, ду сокини ноҳияи Исфара ба 15 сол тағйир ёфт.
Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон ин ду сокини ноҳияи Исфараро ба иттиҳоми ғоратгарӣ ва ҷиноят алайҳи мардуми ғайримусаллаҳ дар даргирии 28 ва 29 апрели имсол дар марзи муштараки ду кишвар, ба ҳабси абад маҳкум карда буд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд қаблан эълом карда буд, ки ду дархости таҷдиди назар дар ҳукми ҳабси абади Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов, ду сокини ноҳияи Исфараро ба мақомоти қазоии Қирғизистон ироа кардааст.
Пас аз даргирии хунини марзии рӯзҳои 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ дар марзи вилояти Суғд ва Ботканд, ки 55 нафар кушта ва беш аз 200 тан аз ду тараф захмӣ шуданд, марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон баста боқӣ мондааст.
Бештар бихонед: