Декабр 12, 2021 15:19 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли 200 ҳазор дозаи воксани русии  Спутник Лайт ба Узбекистон

Русия 200 ҳазор дозаи воксани « Спутник Лайт »и корона ба Узбекистон ирсол кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пештар низ аз Русия 7500 дозаи ин воксан ба Узбекистон ирсол шудааст .
Бар асоси гуфтаи тавлидкунандагон асарбахшии воксани « Спутник Лайт » 79.4 дарсад аст .
Ба ин тартиб теъдоди кулли воксани корона дар Узбакистон ба 48 миллион доза расидааст, ки 36 миллиону 789 ҳазору 938 дозаи воксани чинӣ - узбекӣ ( ZF - UZ - VAC2001 ), 2 миллиону 404 ҳазору 480 дозаи воксани Астра Знека ва як миллион 341 ҳазору 790 дозаи воксани русии « Спутник - V » ، 3 миллиону 60 дозаи воксани « Мадерна », 2 миллиону 316 ҳазору 600 дозаи « Пфайзер », як миллиону 976 ҳазор дизи воксани « Синават » ва 207 ҳазору 500 дозаи воксани « Спутник Лайт » аст .
Бар асоси омор теъдоди мубталоён ба корона дар Узбекистон ба 195 ҳазору 246 нафар расидааст .
То кунун дар ин кишвар 191 ҳазору 976 нафар аз корона беҳбуд ёфтанд ва 1430 нафар низ ҷони худро аз даст доданд.



Бештар бихонед :

 

Барчасп